zoofirma.ru

Ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии Ҷамоати Навгарзани шаҳри Гулистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Раис ҷамоати шаҳрак табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон манзур намуд. Хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати шаҳрак аз вазъи будубош ва шароити хидмати сарбозон дидан намуданд. Миёни хонандагон ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Ба ғолибон Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Хонандагон аз ошноӣ бо вазъи хидмати сарбозон таассуроти нек бардоштанд. Сипас, барои сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0216 дастархони идона ороста шуд.