zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он ҳашари умумишаҳрӣ баргузор карда шуд. Дар ҳашари мазкур кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҳашари умумишаҳрӣ дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, шафати роҳи боло, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозаву озодагардонӣ ба роҳ монда шуд.  Ҳамчунин дар майдони назди Парчами давлатӣ дар шаҳр корҳои кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуда, гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар баровардани партовҳо ба ҳашарчиён кумак намуданд.

Чунин ҳашарҳо дар ҷамоати шаҳракҳо низ ба роҳ монда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.

Баргузории ҳашари тозакориву ободонӣ аз фарҳанги қадими шаҳрдориву шаҳрсозии ниёгонамон, ки дорои таърихи қадим аст гувоҳӣ медиҳад.

Масъулини шаҳрдорӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳдоштани шаҳри сайёҳиву саноатии соҳили “Баҳри тоҷик” корҳои ободониву хуррамгардониро мунтазам идома медиҳанд.