zoofirma.ru

Имрӯз, 1 марти соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз варзишгоҳи марказии шаҳр боздид ба амал овард. Роҳбари шаҳр зимни шиносоӣ аз ҳолати кунунии варзишгоҳ ба масъулин баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ, барқарорсозии инфрасохтори ҳудуди варзишгоҳ, сабзкории майдони асосӣ, шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, чароғонкунии ҳудуди варзишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ба масъалаи таъмини шароити мусоид баҳри ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем.

Раъно Ҳошимзода роҳбарияти муассисаи давлатии мактаби варзиширо вазифадор намуд, то бо ҷалби мутахассисони соҳа то ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои ободониву сабзкориро тақвият бахшида, баҳри баргузории мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.