zoofirma.ru

Модарону хоҳарони арҷманд,

Бонувони иззатманд,

Ҳамшаҳриёни азиз,

Бо таманниёти беназир ва орзуҳои бепоён фарорасии Рӯзи Модарро, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои сол, баҳори нозанин бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодатмандӣ, рӯзгори хушу хуррам ва муваффақиятҳои пайвастаро таманно дорам.

Боиси ифтихору хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳаббати беандозаашон нисбат ба зан-Модар ҳамасола дар саросари кишвар 8-уми март ба сифати Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

 

Тавре маълум аст, дар сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан - Модар ҷойгоҳи хоса дорад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ пайваста ба гиромидошти зан – Модар эҳтироми хоса гузошта, баҳри арҷгузорӣ ба корнамоиву қадршиносии заҳматҳои шабонарӯзии модарон иқдомоти судмандро амалӣ намуда истодаанд. Ин аст, ки бо ҳузури мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик 7–уми октябри соли 2021 дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд муҷассамаи “Дуои модар” бунёд карда шуд, ки дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.

Таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар ба мақому манзалати зан - Модар аст, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд муҳтарам Ҷаноби Олӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре, ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар тањким ва рушди љомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрў ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

Имрўзҳо бонувони шаҳрамон баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият доранд.

Модарони меҳрубону ғамгусор бо талошу муњаббати модарона, лутфу садоқат ва азму иродаи устувори худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ дошта, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи илму дониш ва ояндагони неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Ҳамшаҳриёни азиз,

Боиси хушнудист, ки дар қаламрави вилояти Суғд бо ибтикори наҷиби Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии ташаббусҳои неку наҷиби занону бонувон иқдомоти судманд амалӣ гардида, ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона гардида истодааст.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, баҳри дастгириву пушбинонии бонувони шаҳр кӯшишҳои судманро ба роҳ монда истодааст.

Айни замон дар шаҳр иштироки занон дар корњои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар сатҳи шоиста ба назар мерасад. Алҳол 49 фисади аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил намуда, дар пешрафту шукуфоии шаҳри азизамон ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғул буда, беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз корномаву фидокориҳои бонувону модарони гиромиқадр, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ чун Нуруллоева Санавбар Нуруллоевна, Қосимова Каромат Маҳмудовна, Тахтаева Дилбар Қулиевна, Муқаддам Холиқова, Пӯлотова Малоҳат Ҷалиловна, Исаева Гавҳар Ҳакимовна ва дигарон ифтихор дорад ва корномаҳои пуршарафи онҳоро ҳамчун мактаби бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва намунаи равшани зан – роҳбар мавриди эҳтирому арҷгузорӣ қарор хоҳад дод.

Бонувони гиромиқадр!

Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрўз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.

Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо саҳмгузориро ҷиҳати тарбияи насли шоистаи замон дар ҷодаи зиракиву ҳушёрӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.

Зарур аст, ки модарони азиз бо насиҳат ва муњаббати модаронаи худ наврасону љавононро аз гаравидан ба гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Итминони комил дорем, ки бо такя ба дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони иззатманди мо баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилонаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ кӯшишҳои хешро сафарбар хоҳанд намуд.

Бори дигар бо таманниёти беназир ва орзуҳои бепоён ҳамаи Шумо ва тамоми модарону бонувони шаҳри азизамонро ба ифтихори Рўзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон шодиву сурур, рўзгори хушу хуррам, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназири фаъолияту зиндагӣ орзумандам.

Рӯзи Модар муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!