zoofirma.ru

Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳр маъракаи дарахтнишониву кабудизоркунӣ доир гардид. Роҳбари шаҳр аснои иштирок дар ин маросим ҷавонону наврасонро ба тозакориву сарсабзгардонии шаҳр даъват намуда, изҳор доштанд, ки ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Ватани азизи моро ба ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад".

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки пайваста баҳри ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи шаҳри азизамон саҳми арзанда гузошта бошем.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон ба истиқболи сазовори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад.