zoofirma.ru

Ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум сарфи назар аз моликияташон соли 2015-ро дар қиёс ба соли 2014 бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст карданд. Тавлиди маҳсулоти соҳа дар маҷмӯъ, дар соли сипаришуда 1 миллиарду 146,7 миллион сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2015 ба 120,1 дар сад буда, бо нархҳои муқоисавӣ ба маблағи 192,1 миллион сомонӣ зиёд маҳсулоти саноатӣ ва молҳои ниёзи мардум рӯйи кор омад.

Фазлиддин Орифов, мудири бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти кулли корхонаҳои саноатиро сарфи назар аз моликияташон дар соли 2015 мусбӣ ва умедбахш арзёбӣ карда, пешравии боз  ҳам назаррасро дар соли нави 2016 таъкид кард ва афзуд, ки расидан ба чунин натиҷа дар шароити басо шадиди бӯҳрони молиявӣ кори саҳл набуд.

Вале низоми бозоргонӣ, ҳавасмандӣ ба натиҷаи ниҳоии фаъолият тақозо кард, ки кормандони соҳа бо такя ба шаклу услубҳои нави замонавӣ чунин сатҳи баланди истеҳсолиро ноил шаванд. Афзоиш бахшидани истеҳсолот дар ин шароит як тарафи масъала бошад, сифати маҳсулоти ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ, ворид кардани технологияи баланди муосир ҷониби дигар буд.

- Албатта, акнун бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кард, ки моли тавлидшуда бозори худро дар симои муштариён ба таври доимӣ дарёбад,- иброз дошт Фазлиддин Орифов. -Дар пешравии соҳа нақши корхонаҳои «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой», «Чархи гандумин», «Қолинҳои Қайроққум», «Зарфишон», Муҳаммадинаҷот, «Сидней Хуҷанд», «Хубон» басо назаррас мебошад.

Имрӯз дар соҳаи саноати шаҳр зиёда аз 3 ҳазору 673 нафар фаъолияти корӣ дошта, музди миёнаи маош 1 ҳазору 982,2 сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли сипаришуда дар қаламрави шаҳри Қайроққум 8 коргоҳи хурду миёнаи тавлидотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 108 ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд ва ин раванд дар соли 2016 низ вусъати тоза пайдо мекунад.