zoofirma.ru

20 январи соли 2016 сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни шаҳри Қайроққум ироаи Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири дурнамои сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли 2016 бо ҳадафи беҳсозии ҳаёт ва вазифаҳо баҳри боз ҳам густариши соҳоти гуногун муайян намудааст тавассути оинаи нилгун дастаҷамъона тамошо намуданд.

- Паёми тоза моро ба ҷорӣ намудани усулҳои наву самарабахш ҳидоят месозад, - андешаҳои хешро иброз медорад директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов, - бо қаноатмандӣ тазаккур бояд дод, ки дар самти рушди иқтисод дастуру ҳидоятҳои хуб аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид.

- Паём фарогири тамоми масоили қишрҳои ҷомеа ва барномаи комили амал аст. Нуктаи муҳиме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст аз моҳи июл марҳилаи навбатии баланд бардоштани музди маош буда, ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба ятимон, маъюбон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии иҷтимоӣ онҳо мебошад, - аснои пурсиш посух дод раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова.

Дар толорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, «Осоишгоҳи Баҳористон», осоишгоҳи «Шифо», муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ, беморхонаю марказҳои саломатӣ, Ҷамоати шаҳракҳо ва сохторҳои қудратӣ бо мароқи беандоза Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро ба фаъолияти созандаву бунёдкорона бо мақсади кафолати таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон раҳнамун месозад, тамошо намуда бо эҳсоси хуби ватандорӣ ҳар як нуктаҳои ин ҳуҷҷати тақдирсози миллатро пазируфтанд.