zoofirma.ru

25-уми январи соли 2016 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти Раёсати Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум ҷаласаи корӣ бо фаъолон баргузор гардид. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугузори Раис шаҳр қарор гирифт.

-Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нисбат ба Паёмҳои солҳои пешин боз ҳам фарогиртару пурмуҳтаво буд. Он, пеш аз ҳама, далели барҷастаест оид ба рушди тадриҷӣ ва бомароми Ватани азизамон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт. Паём ҳисси ифтихори аҳли сокинони Ватани маҳбубамонро аз сарзамини хеш, аз истиқлолияти он ва аз комёбиҳои барҷастааш то солҳои охир боз ҳам афзуд, - иброз дошт Матлубахон Амонзода.

Таъкид гашт, ки Паёми мазкур ҳамчун дастури мукаммали роҳандозии фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва кулли субъектҳои хоҷагидории шаҳр дар соли ҷорӣ, баҳри расидан ба таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, мавриди амал қарор дода шуда, талқини муҳтавои он ба ҳар як сокини шаҳри Қайроққум расонида шавад.

-Дар Паём тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, роҳҳои рушди молияи давлатӣ ва иқтисодиёт, беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми ватанамон мушаххас нишон дода шудааст, - зикр дошт Раиси шаҳр.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паём ҳарф зада, аз ҷумла изҳор дошт, ки боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст. Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гул-гулшукуфии мамлакати азиз метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.

Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба роҳҳои пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқ, рушди иқтисодиёт, устувор нигоҳ доштани нақши буҷет, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон, беҳбудӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фаъолияти густурда дар амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби бештари шаҳрвандон ба муассисаҳои фарҳангию варзишӣ ва фарогирии нафарони бекор бо шуғли доимӣ ҷалб намуд.

Дар фарҷом баҳри рафъи норасоию камбудиҳои мавҷуда ба масъулин Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дастуру супоришҳои мушаххас дода, ислоҳи оҷилии онҳоро дар муҳлати муайянгардида талаб намуд.