zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он ба муносибати Иди саиди Фитр ҳашари умумишаҳрӣ баргузор карда шуд. Дар ҳашари мазкур кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд.

Дар рафти ҳашари умумишаҳрӣ дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, атрофи боғи фарҳангӣ фароғатии “Темурмалик”, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, оромгоҳи шаҳр ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозаву озодагардонӣ ба роҳ монда шуд.  Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар баровардани партовҳо ба ҳашарчиён кумак намуданд.

Чунин ҳашарҳо дар ҷамоати шаҳракҳо низ ба роҳ монда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.

Баргузории ҳашари тозакориву ободонӣ аз фарҳанги қадими шаҳрдориву шаҳрсозии ниёгонамон, ки дорои таърихи қадим аст гувоҳӣ медиҳад.

Масъулини шаҳрдорӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳдоштани шаҳри сайёҳиву саноатии соҳили “Баҳри тоҷик” корҳои ободониву хуррамгардониро мунтазам идома медиҳанд.