zoofirma.ru

Бо муносибати иди саиди Фитр рӯзи 2 майи соли ҷорӣ аз қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳраки Чоруқдаррон дидан карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шавкат Ҳакимов табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди саиди Фитр ба самъи сарбозон расонид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати таъмини пайвастаи қисмҳои ҳарбӣ бо маводҳои лозимӣ сухан ронд.

Сипас, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи хизмати сарбозон аз майдончаи варзишӣ, ошхона, анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва синфхонаҳои дарсӣ дидан карда шуд. Дар рафти боздид бо сарбозон суҳбати самимӣ доир гардида, аз ҳолу аҳволашон огаҳ гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисми ҳарбии мазкур барои хизмати сарбозон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.

 

Ба қисми ҳарбӣ ба муносибати Иди саиди Фитр маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.