zoofirma.ru

Имрӯз, 4 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамасолаи 4 - уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ аз болои пардохти саривақтӣ ва андозҳо мебошад, ки дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти муҳими фаъолияти мақомоти андоз чунин таъкид намудаанд: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди бинои нозироти андози шаҳр бо тарҳи замонавӣ санги асос гузошта шуд. Ин тадбир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони нозироти андози шаҳр роҳандозӣ гардидааст.

Раъно Ҳошимзода ба кормандони нозироти андози шаҳр дар иҷрои рисолати пурмасъул барору комёбӣ орзу намуда, изҳори итминон намуд, ки кормандони соҳа минбаъд низ ба хотири рушди устувори давлат саҳми арзишманд мегузоранд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ кормандони нозироти андози шаҳр барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.