zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои гуногун ҷараён дорад. Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонӣ гузошта истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 3 май зимни боздиди корӣ аз шаҳри Гулистон бо корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ “Тиглан”,  ҶДММ «Мурғи бебаҳо»,  ҶДММ «Парандаи заррин» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» шинос гардида, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти лозимӣ супоришҳо дод.

Боиси зикр аст, ки дар ҶДММ “Тиглан”  истеҳсоли рангҳои гуногун барои сохтмон ва дар се корхонаи дигар истеҳсоли гӯшти паранда ба роҳ монда хоҳад шуд.

Раиси вилоят аснои боздид иброз дошт, ки бо бунёди чунин корхонаҳо доираи васеи аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, маҳсули ин корхонаҳо барои афзудани буҷаи мамлакат мусоидат менамояд.

Сипас, роҳбари вилоят ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ташриф оварда, рафти истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки беш аз 60 сол инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад. Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи имрӯзаи корхона имкон медиҳад, ки  ҳамаи дархости харидорон новобаста аз дизайн, коллексия ва ё ҳаҷм дар муддати кӯтоҳтарин иҷро карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти корхонаи азими саноатӣ, ки маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад, баҳои баланд дода, барои тавсеаи фаъолият тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд