zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон тибқи қарори ба тавсиб расидаи Раиси шаҳр доир ба таҷлили 77-солагии  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо чорабиниҳои поси хотир баргузор гардида истодааст.

Тибқи нақша имрӯз, 07.05.2022 дар ҷамоати шаҳракҳо аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Консой чорабинии поси хотир баргузор карда шуд. Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов номаи табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас, дар пояи муҷассамаи сарбози бенишон ҷиҳати поси хотири фарзандони фидогардидаи миллат маросими гулчанбармонӣ доир гардид.

Собиқадорон ва ҷанговарони байналмилал қадрдонӣ гардиданд. Сокинон дастҷамъона дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.