zoofirma.ru

Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳри Гулистон

Имрӯз, 12 майи соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сокинони касбу кори гуногуни шаҳр ширкат намуданд.

Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён М.Ғ. оғоз намуда, номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Сипас, Аҳлиддин Абдураҳмонов шахси боэътимоди Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15  интихобкунандагон номзадро муаррифӣ намуд.

Номбурда пас аз муаррифӣ ҷанбаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15-ро баён намуд. Иброз дошт, ки дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият фаъолият намудани Раъно Ҳошимзода ва ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданаш дарак аз он медиҳад, ки ҳамагуна душворию мушкилиро паси сар намуда, баҳри иҷрои масъулияти бар дӯш доштааш ҷидду ҷаҳд менамояд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода-номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 дар назди интихобкунандагон суханронӣ намуд. Изҳор гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳияи шуда, мақсад танҳо фароҳам овардани зиндагии сазовору арзанда барои ҳар як сокинро дар бар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки танҳо тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷоиҳои нави корӣ имкони паст намудани шиддати бозори меҳнат вуҷуд дорад.  Ҳамчунин, доир ба нақшаҳои дурнамо дар самти рушди соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ибрози андеша намуд.

Сипас, аз ҷониби интихобкуандагон пешниҳодҳо манзур карда шуд. Интихобкунандагон бо ваъдаи иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ якчанд таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.