zoofirma.ru

Санаҳои 11-13-уми майи соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзишӣ гуштини юнонӣ-румӣ, бо иштироки варзишгарони кишвар ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони шаҳри Гулистон низ Отаҷонов Муминҷон ва Гуруков Муҳаммад зери роҳбарии мураббии намуди варзишии гуштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Гулистон Собир Аминов дар вазни 48 кг бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ Отаҷонов Муминҷон ҳамаи рақибони худро аз шаҳру навоҳии гуногун  мағлуб намуда, сазоворӣ ҷои якум ва медали тилло гардид ва Гуруков Муҳаммад бошад сазовори ҷои сеюм ва медали бринҷӣ гардид.