zoofirma.ru

Нимаи дуюми имрӯз, 16  майи соли 2022, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ аз иншооти бунёдгардида истода дидан намуд.

Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати дар вақти муайянгардида ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар иншоотҳои ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён гирифта истодааст ва дар вақти муайян гардида корҳои бинокорӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Ҳамчунин, ҷиҳати сабзу хуррам гардонии гирду атрофи иншоотҳои сохта шаванда низ дастур дода шуд.