zoofirma.ru

Имрӯз, 20.05.2022 дар шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир гардид.

Дар роҳпаймоӣ беш аз 2000 нафар ҷавонони муассисаву ташкилотҳо, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва ҷавонони ҷамоати шаҳракҳои шаҳр бо овезаву парчамҳои идона зери шиорҳои “Пайравони асили Пешвои миллатем”, “Тоҷикистон ба пеш!”, “Бо Пешвои миллат ифтихор мекунем”, “Поянда бод ҷавонӣ”, “Поянда бод Тоҷикистон”, “Ҷавонони созандаи миллатем” бо шавқу шӯри ҷавонӣ, бо ифтихор аз давлати озоду обод иштирок намуданд.