zoofirma.ru

Санаи 25 майи соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии баскетбол байни наврасону ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур наврасону ҷавонон аз ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳои шаҳр  фаъолона иштирок ва байни ҳам сабқат намуда, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардиданд.