zoofirma.ru

Санаи 28 майи соли равон дар доираи даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дастаи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвонро ба ҳузур пазируфт.

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Ҳанӯз дар дақиқаи 22-юми қисми аввали дидор Шоҳин Бобоев аз ҳайати дастаи “Моҳир” бо тӯби нишонрас ҳисоби бозиро боз намуд. дар дақиқи 44-уми дидо ба Шоҳин Бобоев муяссар гардид, ки бори дуюм хати дарвозаи мизбононро рахна намояд.

Кӯшиши бозигарони мизбон барои рахна намудани хати дарвозаи меҳмонон дар қисми аввал бебарор анҷом ёфт ва дастаҳо бо ҳисоби 0-2 ба танаффус рафтанд.

Дар қисми дуюми дидор ба ҳамлагари дастаи “Гулистон” Ҷурабой Исоев муяссар гардид, ки дар дақиқаи 69-ум ба дарвозаи ҳарифон туби нишонрас занад. Талошҳои мизбонон барои баробар намудани ҳисоби дидор то охири бозӣ бенатиҷа монд.

Бо ҳамин дидори дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби 0-2 ба нафъи дастаи “Моҳир” ба анҷом расид.

Дар даври ҳафтуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ рӯзи 11 июн вориди майдони рақобат мегардад.