zoofirma.ru

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, Соҷида ва Иброҳим Мамадовҳоро, ки ҳарду бемор мебошанд, аёдат кард

Раиси вилоят дар суҳбат бо волидони кӯдакон иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи  оила, кўдак ва волидайн дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.

Барои ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ,  эҳсоси худшиносию ватандўстӣ ва ахлоқи ҳамида мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Раиси вилоят фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба хурдсолон табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идонаи худро супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба манзили Далер Шомаҳмадов омада, ба ӯ низ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд