zoofirma.ru

Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова барои 150 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кӯдакону наврасонро ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки ғамхори нисбати кӯдакони ятиму камбизоат зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар ин замина, дар шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо барои кўдакону наврасон 10 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат, мактаби варзишӣ ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 15 майдончаи бозии кўдакона мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳудуди шаҳрамон барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи гурӯҳҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳо, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дастгирии оилаҳои камбизоат, кумаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор давра ба давра такмил меёбад.

Дар ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак ҷомеа ва оила нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, кӯдак бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Калонсолон бояд ба кӯдакон дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Сипас, ба 150 нафар кӯдакон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидарӯҳии кӯдакону наврасон барномаи рангини фарҳангиро пешкаш намуданд. Кӯдакон дар ин рӯз бо рӯҳияи идона рақсу бозӣ ва шодиву сурур намуданд.