zoofirma.ru

Санаи 1-уми июни соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии кохи "Истиқлол"-и  маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии шоҳмот байни мардону бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур иштирокчиён аз шаҳри Гулистон ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 100 нафар байни ҳам сабқат намуда, дар натиҷа 6 нафар ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ ва 20 нафари дигар барои иштироки фаъолона бо дипломҳо қадрдонӣ гардиданд.