zoofirma.ru

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамоиши идона таҳти унвони “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем” бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи иштирокчиён расонид. Зикр гардид, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -  поягузор ва  меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, ки “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсозамон мебошанд”.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар баробари ин туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву  фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналхалқӣ низ хеле мустаҳкам намудааст.

Сипас, доир ба таърихи расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ Лоҳуршо Назришозода сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” ва Эмомалӣ Бобоев директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр доир ба ғамхорию дастгирии Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба ҳимояи марзу буми Ватан суханронӣ намуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии ватандӯстонаро манзури иштирокдорон намуданд.