zoofirma.ru

Имрӯз, 14.06.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҳимов Муҳсин Султоновичро аёдат намуда, ба муносибати 85-солагии ҷашни мавлуд табрику таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки шоёни ифтихор аст, фаъолияти меҳнатии Раҳимов Муҳсин Султонович дар шаҳри Гулистони навбунёд соли 1957 оғоз ёфтааст. Муҳсин Султонович беш аз 40 сол фаъолияти меҳнатии худро дар комбинати қолинбофӣ пурсамар идома дода, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Давлату Ҳукумат меҳнати фидокоронаашро ба назар гирифта, он касро бо мукофоту ифтихорномаҳо, медали «Барои  шарафи меҳнатӣ» ва соли 1966 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафманд гардонид.

Раҳимов Муҳсин Султонович Фаъолияти ҷамъиятии бисёр пурмаҳсул дошта ба ҳайси депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 9) ва якчанд даъват вакили халқ дар маҷлиси вакилони шаҳри Гулистон, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилали ташкилоти собиқадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар ободонии шаҳру шаҳракҳои Гулистон ва беҳдошти рӯзгори мардуми он корҳои арзишмандро ба сомон расондааст.

Ҳамзамон, аз соли 1999 то соли 2001 дар вазифаи пурифтихори ҷамъиятии раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон фаъолият бурда, дар ташаккул ва тақвияти корҳои ташкилӣ, пешбурди корҳои таблиғотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он саҳми назаррас гузоштааст.

Ба соҳибҷашн аз ҷониби Раиси шаҳр раъно Ҳошимзода туҳфаи хотиравӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилоят ва шаҳр низ ба соҳибҷашн туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.