zoofirma.ru

Имрӯз, 14.06.2022 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии 45025 – и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” бо иштироки ҳайати таблиғоти Шӯрои вилоятиву шаҳрии Ҳаракат бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллӣ  оғоз гардид. Дар вохӯрӣ Хайринисо Темирова намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки соли равон аз таъмини ваҳдати миллӣ – дастоварди бузургтарин ва муқаддастарини миллату давлати тоҷикон 25 сол сипарӣ мегардад. Ин сана дар таърихномаи миллат бо ҳуруфи заррин сабт гардидаву онро аҳли оқилу фархундаи миллат бо эҳтирому самимияти беинтиҳо пос медоранд.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардид. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Мардум бо фараҳмандии зиёд ифтихор аз он доранд, ки Парчами Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлолашон дар радифи бузургтарин давлатҳои олам, ба мисли Русияву Амрикова Чину Ҷопон ва ғайра дар фазои Созмони Миллали Муттаҳид насб гардидаву бо парафшонии худ аз мавҷудияти давлати тоҷикон башорат медиҳад. Соҳибистиқлолӣ барои миллату давлат чун як давлату миллати комилҳуқуқ имкон фароҳам овард, ки дар ташкилоти бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид дар радифи дигар давлатҳо як овози ҳалкунанда дошта бошад.

То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.

Даври якум аз 5 то 9 - уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, даври дуюм аз 18 то 26 - уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон,  даври сеюм аз 20 октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод, даври чорум аз 24 май то 1-уми июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато, даври панҷум аз 25 декабр то 4-уми январи соли 1996 дар шаҳри Ашқобод, даври шашум аз 5 январ то 19-уми  январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон, даври ҳафтум аз 26 феврал то 8-уми марти соли 1997 ва аз 23 то 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав самараҳои нек ба бор овардаанд:  Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид. Аз ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне аз 27 июни соли 1997 инҷониб дар саросари кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ифтихори ин чорабиниҳои бузурги хотирмон доир мегарданд.

Дар вохӯрии имрӯза аз ҷониби занону бонувони ҳунарманд маводҳои хӯрока аз қабили сабади нон, кулчақанду шириниҳо ва меваҷот барои сарбозон дастрас карда шуд.