zoofirma.ru

Имрӯз, 14.06.2022 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр дар асоси амри Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 10-уми майи соли 2022, таҳти №64 ва амри Раиси шаҳри Гулистон Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ  “Оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон ва тақлид ба фарҳанги бегона дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо” аз 24-уми майи соли 2022, №64 бо иштироки кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Бахтовар Чумаев  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Раҳматова Ойиниссо мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев  сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Ҷабборӣ Гулрабо сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.

Дар ҳама давру замон барои амалӣ намудани ҳадафҳои носолими худ  гурӯҳҳои террористӣ аз ҳар роҳу восита истифода намуда ҷавононро, ки ҳамчун қишри ҳассос ва таъсирпазири ҷомеаанд, ба коми худ мекашанд.

Вобаста ба ин, борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, илм омӯзанд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гарданд ва дар ҷомеа мавқеи муайяни худро пайдо намоянд.

Доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон ва тақлид ба фарҳанги бегона намояндагон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом Рухшона Содиқзода масъули кор бо ноболиғони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳр маълумот дода, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурра риоя намуда, дар таълиму тарбияи фарзанд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.