zoofirma.ru

Бегоҳии имрӯз, 14.06.2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Пайки Ваҳдат" дар "Боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон идома ёфта, аз ҷониби санъаткорони ҷамоати шаҳраки Консой барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иштирок доштанд. Сокинон бо рӯҳияи болида ба сайру гашт баромада аз тамошои барномаи фарҳангӣ шоми фароғатии худро рангин намуданд.

Силсила чорабиниҳои "Пайки Ваҳдат" то охири моҳи июн идома меёбанд.