zoofirma.ru

2-юми феврал ҷаласаи КИ шаҳрии ҲХДТ доир гардид. Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова оид ба ҳадафи ташкили Шӯрои собиқадорон ҳарф зад.

Интихоби раис ва муовин, тасдиқи нақшаи фаъолият ва омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз рӯзномаҳои ҷаласа буданд, ки мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Марбут ба масъалаи аввал бо овоздиҳии кушод Норӣ Қаҳҳорова раиси Шӯро ва Рустамҷон Одизода муовини раиси Шӯро интихоб гардиданд.

Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд. Роҷеъ ба муҳтавои асоии Паёми навини Президент собиқадорони ҳизб Санавбар Нуруллоева, Муҳаммадҷон Файзуллоев ва дигарон баромад намуданд.

Дар кори ҷаласа намояндаи КИ вилоятии ҲХДТ Шуҷоат Ҳасанова иштирок ва баромад кард.