zoofirma.ru

Имрӯз, 19.06.2022 дар шаҳри Гулистон новобаста аз рӯзи истироҳат  ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он,  корҳои ободониву сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.

Дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашти майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва майдони "Тоҷикистон, ба пеш!!!" гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз рафти корҳои сабзу хуррамгардонӣ дидан намуда, ба масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри тақвияти корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Масъулин нақша доранд, ки ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва зебову хуррам гардонидани он пайваста корҳои сабкориву озодагардониро баргузор намоянд.

Шаҳри Гулистон, ки шаҳри сайёҳиву саноатӣ ва дорои иқтидорҳои бузург дар ин соҳа мебошад таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳонро ба сӯйи худ мекашад ва ҳамарӯза меҳмонону сайёҳон ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” омаду рафт доранд.

Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии шаҳр дар ин раванд таъсири мусбате хоҳад гузошт.