zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 20 июни соли равон раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо ҷалби васеи мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр аз ҳолати биноҳои баландошёна боздид ба амал овард. Роҳбари шаҳр зимни боздид аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ёдовар гардида, ҷиҳати рангубори биноҳои баландошёна, тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳои ва хонаҳои истиқоматӣ, барқароркунии канораҳои роҳ, шинонидани гулҳои ороишӣ, ҷалби бештари аҳолӣ баҳри саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шуд, ки шаҳри Гулистон шаҳри сайёҳӣ аст ва меҳмонони дохилию хориҷӣ мунтазам ворид мегарданд. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҷаҳониён корҳоро дар ҳама самтҳо тақвият бахшем.