zoofirma.ru

Имрӯз, 23 июни соли 2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистонро табрик намуд.

Тибқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002  23 июн рӯзи хизмати давлатӣ қабул гардидааст.

Ҳамасола 23 июн Рӯзи хизмати давлатӣ дар Созмони Милали Муттаҳид чорибиниҳои идона бо тантана барои дастгирии кормандони давлатӣ баргузор мегардад.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кормандони хизмати давлатӣ нишонӣ аз арҷ гузоштан ба кормандони соҳаи хизмати давлатӣ мебошад.

Дар чорабинии имрӯза Зоҳир Қодиров ва Шуҳрат Раҷабов намояндагони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, хизматчиёни давлатиро ба рӯзи идашон табрик намуданд.

Дар охир як қатор фаъолон аз ҷониби Раиси шаҳр ва намояндагони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.