zoofirma.ru


Дар МТМУ-и №8 ҷиҳати фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону хонандагон мулоқот баргузор гардид.

Чорабиниро директори муассисаи таълимӣ Садоқат Норматова ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба паҳлуҳои асосии Паём суханронӣ кард. Бобати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ҷавобгӯ будани он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ибрози назар намуд.

Омӯзгорон М.Раупов, З.Дӯшабоева, Ш.Ҳакимова, М.Шамсиддинова, Д.Қосимова ва М.Мадализода перомуни дигар самтҳои Паём табодули афкор намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш дар интиҳо ҷонибдории хешро аз Паёми Пешвои миллат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.