zoofirma.ru

Мусаллам аст, ки фароҳам овардани шароити ҳамаҷонибаи мусоид дар вазъи имрӯз , ин расидан ба рушди устувор ва бемайлони иқтисодист. Мисоли рӯшани инро мо метавонем дар соҳаи саноати шаҳри Қайроққум мушоҳида кунем.

Чӣ бояд карду чӣ тадбирҳо андешид, то дар соҳаи иқтисод ва фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ пешравиҳо ба чашм расаду аз номгӯи зиёди хизматрасонии маишиву иҷтимоӣ бошандагони шаҳр қаноатмандӣ изҳор карда, ҳамзамон даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама дар ғани -шавии буҷаи шаҳр сарчашмаҳои боэътимод пайдо шавад.

 

Доир ба ин самт 4-уми феврали соли равон мулоқоти рӯ ба рӯ ва ошкорои Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо соҳибкорон ва сарварони корхонаҳои саноатӣ доир шуд, ки маҳз ҳамин масъаларо фарогир буд. Раиси шаҳр таъкид дошт, ки соли дуюм аст, ки бо ҳадафи густариши фаъолият нақшаи мукаммали муайян роҳандозӣ мешавад. Новобаста аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми фаъолияти соли 2015 ба маблағи 1 млрд. 146 млн. 79,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 120,1 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 192,1 млн. 430,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  Тавре аз дастурҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд бояд мо барои расидан ба ин мақсад фаъолиятро боз ҳам густариш диҳем. Дар соли 2015 аз 29 корхонаи саноатӣ танҳо 13 тояш уҳдадориро иҷро карду халос.

Директори ҶСП “Сидней – Хуҷанд” Аниса Муҳиддинова ва сардори НБО –и Қайроққум Файзулло Авезов оид ба проблемаҳои мавҷудаи коргоҳ ҳарф заданд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Қайроққум Хуршед Мирзоев ба суолҳои онҳо рӯшанӣ андохт. Дар фарҷом шартномаи уҳдадориҳо барои соли 2016 таҳия карда шуд.