zoofirma.ru

5 феврал дар толори МИҲД-и шаҳр конференсияи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии шаҳри Қайроққум баргузор гардид.

Ҳайдар Муродов оид ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба гузориши муфассал дод.

Раиси комиссияи тафтишотӣ Истадҷон Артукова дар бораи хароҷотҳои молиявӣ маълумот пешниҳод кард.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раҳима Ғаниева, МИҲД-и шаҳр Маҳбуба Шодиева, бахши фарҳанг Ҳабиба Қӯзиева ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи сеюм вакилони конференсия раис, ҷонишин ва аъзоёни Раёсатро интихоб карданд.  Ҳасан Иброҳимов, - раис, Маҳбуба Шодиева - ҷонишин интихоб гардиданд. Ҳайати комиссияи тафтишотӣ низ муайян шуд. Ба конференсияи вилоятӣ вакилон пешбарӣ шуданд.

Дар кори конференсия бо намояндагӣ аз Кумитаи иттифоқи касабаи соҳавии вилоятӣ Мухторхон Дадохонов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва баромад намуданд.

Барои фаъолияти пурсамар ба Ҳайдар Муродов Ифтихорнома ва мукофоти пулии Кумитаи иттифоқи касабаи соҳавии вилоят супорида шуд.

Дар фарҷом фаъолони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи шаҳр Ҳабибулло Насруллоев, Ҳасан Иброимов, Маҳбуба Шодиева, Раҳима Ғаниева, Фаёзиддин Шарофиддинов ва Ҳабиба Қӯзиева бо мукофотҳои хотиравии Раиси шаҳр ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии шаҳр қадр гардиданд.