zoofirma.ru

Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!

Ҳамасола санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиши шаҳр табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои калони варзиширо таманно дорам.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд. Қабул гардидани Барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, ҷоизаҳо, грантҳои президентӣ ва сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳташами варзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати кишвар нисбати рушду такомули варзиш шаҳодати рушди бемайлони варзиш дар кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 100 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар  мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани  382 медал, дар 28 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 685  медал, 9 мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 41 медал, дар 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 28 медал, 1 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 медал ва дар 3 мусобиқаи байналмиллалӣ бо гирифтани 7 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмуъ варзишгарон давоми ҳафт  моҳи соли ҷорӣ соҳиби 1149 медал гардиданд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Бори дигар бо самимияти бепоён кулли варзишгарони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!