zoofirma.ru

Имрӯз, 11 август дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бо иштироки собиқадорон, мураббиён, варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон доир гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад оид ба дастгирии давлатии варзишгарон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, аз саҳми варзишгарони шаҳр дар рушду нумӯи варзиш ёдовар шуд.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Дар фазои тантанавӣ ба зиёда аз 25 нафар собиқадорон, мураббиён ва варзишгарони муваффақ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар интиҳо як қатор варзишгарон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Варзиш беҳтарин воситаи муаррифии миллат аст