zoofirma.ru

Санаи  15 августи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон, дар шаҳри Гулистон  бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд санаи 12 августи соли 2022, доир гардида буд, ҷаласаи васеи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи имрӯза  муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  раисони ҷамоату шаҳракҳо роҳбарияти сохторҳои шаҳр ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа таъкид намуданд, ки ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ моро бетараф сохта наметавонад. Вобаста ба ин самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ зиёд намудани кишти такрориро аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва бахшида истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҷурии Тоҷикистон бунёди корхонаҳои саноати мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати татбиқи он масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд.

Ҳамчунмн таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир гардида, таъкид намуданд, ки мо бояд раванди корҳои ободониву созандагиро пайваста вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинон саҳми ватандӯстонаи худро гузорем.

Барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳр зарур аст, ки дар ин раванд пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии роҳбарону фаъолони шаҳр ва кулли сокинон вобастагӣ дорад.

Дар интиҳо тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтори ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вазифадор карда шуд.