zoofirma.ru

Дирӯз, 18 феврал Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ собиқадорони баруманди меҳнатро ба ҳузур пазируфт.

Дар ибтидо Раиси шаҳр роҷеъ ба мақом ва саҳми собиқадорон дар ҳаёти ҷомеа, дар густариши корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ хеле муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти пурмаҳсули эшон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр бағоят назаррас ва таҷрибаи бою беназири онҳоро намунаи ибрати насли имрӯз мебошад. Сарвари шаҳр таъкид намуд, ки дар байни собиқадорон шахсиятҳои барӯманди шаҳр, ки аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ фаъолият доштанд, ҳузур доранд. Ҳамзамон, Раиси шаҳр роҷеъ ба таҷдиди назар кардан бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар ташкил ва роҳандозии корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва оид ба иштироки фаъолона собиқадорон дар ин раванд ибрози андеша намуд.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Бӯриев доир ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат нисбат собиқадорон, хизматҳои беназири онҳо дар ҳаёти ҷомеаи навини давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд.

Сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Баротов дар бораи мақоми собиқадорон ҳарф зада, онҳоро чун машъалони роҳнамои зиндагӣ тавсиф намуд.

Собиқадорони меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, Санавбар Нуриллоева, Муқаддам Холиқова, Гавҳар Исоева доир ба дастгириашон аз сиёсати ояндасоз ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухаронӣ намуда, омодагии худро дар раванди тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогаҳӣ, таблиғи ғояҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ изҳор намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи соҳаи иҷтимоӣ ибрози андеша намуданд.

Дар интиҳо ба 12 нафар собиқадорони маъруфи шаҳр - намояндагони соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳр  дар вазъи тантанавӣ аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуданд.