zoofirma.ru

Санаи 23-юми сентябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ доир ба мавзуъҳои ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии  мост, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва  ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар толори бахши фарҳанг бо ҷавонони синни 16-18 солаи муассисаи таълимии  №14-и маркази шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр,  Абдуллоев Фаридуншоҳ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Каримова Мадина мутахассиси пешбари бахши занон ва оила, Сатторова Матлуба сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Тоҷиддинов Аҳлиддин иҷрокунандаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Содиқзода Рухшона намояндаи шуъбаи корҳои дохилии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохўрӣ бо ҷавонон оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати расидан ба чорумин ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Саноатикунонии босуръати мамлакат" ва бистсолаи солаи омӯзишӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози назар карда шуд. Ҳамзамон, оид ба тарзи дурӯст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда, таъкид карда шуд, ки дар зомони имрӯза то рафт муборизаҳои геосиёсӣ миёни гурӯҳои алоҳидаи ҷудоихоҳ ва марфиатҷӯй шидат гирифта, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста, нагузорем, ки афроди нохалафе ба ин тинҷиву оромӣ ва зиндагии босаодати мардум халале ворид созад.