zoofirma.ru

Санаи 23-юми сентябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ дар мавзуъҳои Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастии миллат,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар толори "Мактаби санъат" бо донишҷӯёни муассисаи  ғайридавлатии коллеҷи тиббии  шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Иззатов Л.Б. сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Абдураҳмонов А.А. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр,  Абдуллоев Ф.А. сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷрмеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Назришозода Л., сармуҳарирӣ рӯзномаи шаҳрии "Соҳил" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохўрӣ бо ҷавонон оид ба худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастии миллат, нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати расидан ба чорумин ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Саноатикунонии босуръати мамлакат" ва бистсолаи солаи омӯзишӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон, оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда, таъкид карда шуд, ки дар зомони имрӯза то рафт муборизаҳои геосиёсӣ миёни гурӯҳои алоҳидаи ҷудоихоҳ ва марфиатҷӯй шидат гирифта, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста, нагузорем, ки афроди нохалафе ба ин тинҷиву оромӣ ва зиндагии босаодати мардум халале ворид созад.