zoofirma.ru

Имрӯз, 30.09.2022 ба ифтихори 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори мактаби санъати маркази шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд. Дар даромадгоҳи мактаби санъат намоиши асарҳои ин мутафаккири барҷаста ба намоиш гузошта шуд.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева ҳамагонро ба маҳфили илмӣ-адабӣ хушомадед гуфт.

Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  манзури иштирокчиён намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.

Мавлоно Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад.

Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд.

Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумумли Мавлоно то қадри тавол хабардор бошем.

Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро бубинед, ки як тан фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Вахшонзаминӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, на танҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

Сипас, Фаридуншоҳ Абдуллоев сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон доир ба ҷойгоҳи адабии шоир ва мазмуну муҳтавои асари мондагори шоир “Маснавии Маънавӣ” суханронӣ намудад.

Дар қисми адабии маҳфил хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр аз ашъори шоир шеръҳо қироат намуданд ва ҳамчунин саҳнаҳоеро аз “Маснавии Маънавӣ” манзури иштирокчиён намуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои рӯҳнавоз аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бар маҳфили илмӣ-адабӣ таровати тоза бахшиданд.