zoofirma.ru

30-юми сентябри соли равон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон оғози расмӣ бахшид.

Зимни суҳбат бо сокинон ва иштирокдорони маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ роҳбари шаҳр аз муҳайё гардидани шароити хуби кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ва беҳтар шудани вазъи некӯаҳволии халқ ёдовар шуда, бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ амалӣ гардидани чунин иқдоми ватандӯстонаро намунаи равшани садоқат ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон дод.

Ин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба ободӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад, - изҳор дошт Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода.

Ба роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, ки масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда 10 километр буда, аз деҳаҳои Гулдара ва Гулшан то ба маркази шаҳракро фаро хоҳад гирифт.