zoofirma.ru

30-юми сентябр Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон аз муассисаи таълимии томактабӣ №21 ва муассисаҳои таълимии №4 ва №13-и ҷамоати шаҳрак дидан намуд.

Зимни боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз вазъи муассисаҳои таълимӣ огоҳ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои таҳсили хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омода мебошанд.

Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дастуру супоришҳои мушаххас дод.