zoofirma.ru

30-юми сентябр Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон собиқадорони соҳаи маориф Турғунбой Тиркашев ва Турдихон Умурзоқоваро аёдат намуд.

Зимни суҳбаи собиқадорон аз фаъолияти касбии хеш ёдовар шуданд. Онҳо дар тарбияи мутахассисони касбӣ дар шаҳрак нақши арзанда гузоштаанд.

Раъно Ҳошимзода таъкид намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф беш аз пеш рушд намуда истодааст ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шуда истодааст.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати фидокоронаи омӯзгорони асилро қадр менамояд ва саҳми онҳоро дар рушди соҳа фаромӯш нахоҳад кард.