zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 01.10.2022 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Сипас собиқадори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Бобоҷонов, даъватшавандаи ихтиёрӣ Суҳроб Маматалиев суханронӣ намуданд.

Дар вазъи тананавӣ волидайни Диёр Давлатов ва Ҷасурбек Абдурасулов, ки фарзандонашон адои хизмати модар – Ватан намуда истодаанд бо сипосномаи Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба даҳ наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар вазъи мутантан супорида шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ қисми расмии чорабинӣ ба охир расид.

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.