zoofirma.ru

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷиҳати истиқболи шойистаи иди аҷдодӣ чор иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Хонаи истиқоматии панҷошёна, дорои 66 ҳуҷра,  бинои истиқоматӣ бо нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, Маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои чоркунҷа ва доирашакл аз ҷумлаи  армугонҳои идона мебошанд.  Баъдан ошхонаи миллӣ дорои 110 ҷойи нишаст дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, сехи коркарди мева, коргоҳи истеҳсоли мебел, комплекси парвариши чорвои калони шохдор, сехи ордбарорӣ ва Маркази хизматрасонӣ ва савдо дар кӯчаи Истиқлол бошанд аз он иншоотҳои ҷашнӣ махсуб меёбанд, ки дар рӯзҳои тантанаи  25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтито меёбанд.