zoofirma.ru

Имрӯз, 19.10.2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлсии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, таъкид дошт, ки яке аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ин таъсиси парламенти касбии иборат аз ду палата буда, он ба яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ мубаддал шудааст.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда доранд ва ҳамарӯза ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат менамоянд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлсии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода доир ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои бузурги офарандагӣ гардид.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таърихӣ ва бунёдии давлатдориро тарҳрезӣ намуд.

Ҳамчунин, доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, захираи маводи ғизоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ таъкид карда шуд.

Дар идома Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода доир ба аҳамияти таърихии санади сарнавиштсози миллат - Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар Иҷлосия маҷмуъан 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, ба монанди қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд қабул карда шуд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳони якдигар гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлсии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода бо интихобкунадагон суҳбати озод намуда, ба пурсишу дархостҳои онҳо посух гуфт.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён баргузории вохӯрии мазкурро бо интихобкунандагон тадбири муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки гулистониён дар роҳи амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар сарҷамъона фаъолият намуда истодаанд.