zoofirma.ru

Имрӯз, 20.10.2022 дар  асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қаламрави вилоят Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” ба роҳ монда шуд.

Бо ин мақсад дар толори Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо иштироки гурӯҳӣ тарғиботии вилоятӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ собиқадори соҳаи фарҳанг Хайринисо Раҳимова ва дотсенти факултети таърихи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шафоат Ҳошимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Аҳамияту арзиши Конститутсияро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад.

Дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Бисту ҳашт сол муқадам бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Дар яке аз суханронии худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки "Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид".

Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.

Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.