zoofirma.ru

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Муассисаи таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 30.08.2022, таҳти рақами 241 бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон, бахшида ба Иди "Меҳргон" озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" пуршукӯҳ доир гардид.

Дар даври вилоятии озмун беш аз 200 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

Довталабони гулистонӣ дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун сазовори мақоми дуюм гардиданд.