zoofirma.ru

Имрӯз, 29 октябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ки яке аз ҷамоати шаҳраки дурдаст ба ҳисоб меравад бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳои шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба моҳияти муроҷиатҳо талаботҳои қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва Кодекси оила тавзеҳот дода шуд.

Ҳамчунин, муроҷиати хаттии 3 нафар истиқоматкунандагони шаҳраки мазкур барои баррасӣ қабул карда шуд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби прокуротураи шаҳри Гулистон иқдоми наҷибест, ки бо роҳандозӣ намудани он сокинони ҷамоати шаҳракҳои дурдаст муроҷиатҳои худро манзур намуда, доир ба масъалаҳои мавҷуда посухи мушаххас мегиранд.